10.03.2017

МАРАВ, МАРАВ! ЧИ САБАБ ЗУД-ЗУД МЕБИРАВӢ?


Биё - биё, ки шудам дар ғами ту савдоӣ,
Даро - даро, ки ба ҷон омадам зи танҳоӣ.

Аҷаб - аҷаб, ки бурун омадӣ ба пурсиши ман,
Бибин - бибин, ки чи бетоқатам зи шайдоӣ.

Бидеҳ-бидеҳ, ки чи овардаӣ ба туҳфа маро,
Бинеҳ, бинеҳ! Бинишин то даме баросойӣ.

Марав, марав! Чи сабаб зуд-зуд мебиравӣ?
Бигӯ - бигӯ, ки чиро дер-дер меойӣ?

Нафас - нафас, задаам нолаҳо зи фурқати ту,
Замон - замон, шудаам бе рухи ту савдоӣ.

Маҷӯ - маҷӯ, пас аз ин зинҳор роҳи ҷафо,
Макун - макун, ки кашад кори мо ба расвоӣ.

Бирав - бирав, ки чи каж меравӣ ба шевагарӣ,
Биё-биё, ки чи хуш мехамӣ ба раъноӣ.


Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ

Комментариев нет :

Отправить комментарий