16.03.2017

БУБАХШ, ЭЙ ДИЛ - МАСЪУД МИРЗО


Бубахш, эй Дил, ки ҳар соат
Чу мире, ки намехоҳад шикоятҳои халқашро,
Ҳавасҳои туро саркӯб мекардам.
Ба зиндони ғурурам, ки камини нотавоним буд,
Туро обу адо кардам.
Ки то дар ин замине, ки забони лол мехоҳад,
Замоне бебало гардам.
Бубахш, эй Дил,
Шаҳаншоҳи забардасти муҳаббат будаӣ, афсӯс
Манат аз бими ҷони худ,
Ва ҳам бими гапи мардум
Заъифу муштипар кардам.
Ва дар охир туро, эй Дил
Барои зарраи меҳре,
ки бе подош мебахшанд,
Гадойи дар ба дар кардам.
Бубахш, эй Дил,
Надонистам, ки ишқат шӯълаи субҳи аҳуроист,
Вуҷуди оташафрӯзат иботадгоҳи Зардушт аст.
Тапиданҳои ширинат -талоши офариданҳо,
Муҳаббатпарвариҳоят
Туро мероси сад пушт аст!
Надонистам,
Надонистам, ки аз ту рафтанам, эй Дил,
Зи даргоҳи илоҳӣ рафтанам будаст.
Гузаштан аз Туву аз муддаои Ту
Гузаштан аз худу аз буданам будаст.
Надонистам, ки бе ту мебарам худро,
Ба он ҷое, ки султонаш ғуломи нафси носер аст.
Ба он ҷо, ки Худоро ҳам барои ризқ мекобанд
Ва шукри мардумаш дар лаб фақат аз ишками сер аст.
Ба он ҷое, ки беҷояст,
Дар ӯ ёди Дилу Эҳсос.
Ба он чое, ки дар як рӯ дусад рӯйи дигар доранд.
Ба он чо, ки ба бозораш
ба ҳангоми зарурат Ному Имонро
ба, ҳатто, ки тани худро
Чу "тадбиркор" меоранд!
Ба он чо, ки ҳама пастӣ баландӣ мешавад бо пул,
Ба он чо, ки ҳама айби туро ҷайбат бипӯшонад.
Ба он ҷое, ки айб аст камбағал будан,
Каси дилдори бепулро касе одам намедонад...
Бубахш, эй Дил.
Бубахшо ин мани бедори хобатро.
Надонистам, ки асли ту муҳаббат будааст, эй Дил.
Надонистам, ки гил буда вуҷуди одамӣ бе Дил,
Агар дар сина Дил мирад,
шаётин мекунад манзил!
Биё, эй Дил.
Биёву раҳнамоӣ кун мани дилношиносатро.
Маро аз варта берун бар...
Масъуд Мирзо

Комментариев нет :

Отправить комментарий