
Дар кунҷи дилам ишқи касе хона надорад,
Кас ҷой дар ин хонаи вайрона надорад.
Дилро ба кафи ҳар кӣ диҳам бозпас орад,
Кас тоби нигаҳдории девона надорад.
Дар базми ҷаҳон ҷуз дили ҳасраткаши мо нест,
Он шамъ, ки месӯзаду парвона надорад.
Дил хонаи ишқ аст, Худоро ба кӣ гӯям?
К-ороише аз ишқи кас ин хона надорад.
Гуфтам: "Маҳи ман, аз чи ту дар дом наяфтӣ?
Гуфто: "Чи кунам, доми шумо дона надорад".
Дар анҷумани ақлфурӯшон наниҳам пой,
Девона сари суҳбати фарзона надорад.
То чанд кунӣ қиссаи Искандару Доро?
Даҳрӯзаи умр ин ҳама афсона надорад.
Аз шоҳу гадо ҳар кӣ дар ин майкада раҳ ёфт,
Ҷуз хуни дили хеш ба паймона надорад.
#Пажмон_Бахтиёрӣ
Комментариев нет :
Отправить комментарий