15.03.2018

СИНААМ САНГИ МАЗОРИ ХОТИРОТИ МУРДА АСТ



Мисли гунҷишке, ки тӯфон лонаашро бурдааст,
Хотирам аз марги талхи чӯҷаҳо озурда аст.

Ҳар замон ёдат меафтам мисли қабристонаму
Синаам санги мазори хотироти мурда аст.

Носазо, гоҳе паёми ишқ дорад бо худаш,
Ин сукути беризоят на, ба ман бархӯрда аст.

Ғайр аз он ойинаҳое, ки тақаъъур доштанд,
То ба ҳоло ҳечкас кӯчак маро нашмурда аст.

Тири ғайб аз осмон як рӯз поин мекашад,
Он касонеро, ки ноҳақ ишқ боло бурда аст.

Он гулеро, ки халоиқ борҳо бӯ кардааст,
Тоза ҳам бошад барои ман гуле пажмурда аст.

#Козим_Баҳманӣ

Комментариев нет :

Отправить комментарий