02.05.2018

ИШҚИ ҲАҚИҚӢ

Картинки по запросу ‫مولانا‬‎
Он рӯҳро, ки ишқи хақиқӣ шиор нест,
Нобуда беҳ, ки будани ӯ, ғайри ор нест.
Гӯянд: Ишқ чист? Бигӯ: Тарки ихтиёр,
Ҳар к-ӯ зи ихтиёр нараст, ихтиёр нест.
Ошиқ шаҳаншаҳест, ду олам бар ӯ нисор,
Ҳеч илтифоти шоҳ ба сӯйи нисор нест.
Ишқ асту ошиқ аст, ки боқист то абад,
Дил бар ҷуз ин манеҳ, ки ба ҷуз мустаор нест.
Он, к-аз баҳор зад, бимирад гаҳи хазон,
Гулзори ишқро мадад аз навбаҳор нест.
Он гул, ки аз баҳор бувад, ёри ӯст хор,
Он май, ки аз асир бувад, бехумор нест.
То кай канор гирӣ маъшуқи мурдаро,
Ҷонро канор гир, ки ӯро канор нест.
Бар нақди қалб зан, ту агар қалб нестӣ,
Ин нукта гӯш дор, гарат гӯшвор нест.
Андешаро раҳо куну дилсода шав тамом,
Чун рӯйи ойина, ки ба нақшу нигор нест.

Мавлоно Ҷалолуддин Балхии Румӣ

Комментариев нет :

Отправить комментарий