
Мо Ишқро то буд,
бар қадраш расиданро натонистем,-
Ин афсӯс!
Чун Ишқ аз мо рафт,
роҳи бозпас оварданашро ҳам надонистем,-
Ин афсӯс! Ин афсӯс! Ин афсӯс!
Мо васлҳоро
лаҳзаҳои ҷовидонӣ мешуморем –
Оҳ... ин ғафлат!
Мо фаслҳоро
дар канори васлҳои худ ниҳон дорем,-
Оҳ... ин боз ғафлат! Боз ғафлат! Боз ғафлат!
Мо лаҳзаҳоро
он қадар беҳуда мисли соати девор бигзаштем,-
Э вой!
Ҳар рӯзи мо такрори паргории гашти ақрабакҳо-
такрори нодаркору шояд дилбазан буданд,
Аз ин сабаб мо бозпас шояд набаргаштем?!-
Э вой! Оҳ... Э вой! Оҳ... Э вой!
Парандаи ваҳшии мо – он Ишқ
охир париду рафт он ҷое, ки танҳоист, танҳоист,-
Дигар ҳеч!
Ӯ хӯ ба Танҳоӣ гирифтан метавонад?
Ман намедонам!
Эй кош, баргардад ба ин ҷое, ки чашми ман
кораш тамоми умр раҳпоист, раҳпоист, раҳпоист,-
Дигар ҳеч! Дигар ҳеч! Дигар ҳеч!
Мо Ишқро то буд,
бар қадраш расиданро натонистем,
Ин афсӯс!
Чун Ишқ аз мо рафт,
роҳи бозпас оварданашро ҳам надонистем,
Ин афсӯс! Ин афсӯс! Ин афсӯс!
#Абдуҷаббор_Суруш
Комментариев нет :
Отправить комментарий