21.11.2018

ЧӢ ШОИР АСТ?!


Одам агарки шӯр надорад, чӣ шоир аст?!
Бо шӯр агар шуур надорад, чӣ шоир аст?!
Хунаш, ки мурда аст, дилаш ҳам фасурдааст,
Дар чеҳра рангу нур надорад, чӣ шоир аст?!
Мерос бурданаш зи Паямбар чӣ фоида?!
Ҷону тани сабур надорад, чӣ шоир аст?!
Дар сар ҳавои шуҳрату унвону ҷоиза,
Дар дили гапи зарур надорад, чӣ шоир аст?!
Чашминтизори нақди ду-се дилумедвор,
Як су ҳунар, ғурур надорад, чӣ шоир аст?!
Бо табъи паст рафта сари минбари баланд
Шарме падарқусур надорад, чӣ шоир аст?!
Хизмат куҷову халқ куҷову Ватан куҷо?!
Ҳиммат куҷо, ки зур надорад, чӣ шоир аст?!
Хуршеди соягард ба номаш зиёӣ аст,
Андешаи банур надорад, чӣ шоир аст?!*

#Шодӣ_Шарифниё
19.11.2018

_______
Таҳрири муаллифии байти охир 17.10.2023

Комментариев нет :

Отправить комментарий