Туӣ тан барои Ватан, ҳамватан,
Манам ҷон фидои Ватан, ҳамватан.
Гираҳ чун хурад хун гаҳе дар рагат,
Кушо дасту пои Ватан, ҳамватан.
Табиби тану ҷонат оби равон,
Нафас каш ҳавои Ватан, ҳамватан.
Мабодо ягон ҷоят ояд ба дард,
Кунад дард ҷои Ватан, ҳамватан.
Ҳунар худнамоии беҳуда нест,
Намо як намои Ватан, ҳамватан.
Ташаббус нишон деҳу коре бикун,
Ки бошад кирои Ватан, ҳамватан.
Бизоат, ки дорӣ, саховат намо,
Зи ҷудат сахои Ватан, ҳамватан.
Равӣ, бо худат фаррае мебарӣ,
Макун ту ҷилои Ватан, ҳамватан.
Ба ҳиҷрат равӣ, чапғалат по манеҳ,
Хатоят хатои Ватан, ҳамватан.
Мунодии сулҳем то дар ҷаҳон,
Бимон ҳамнидои Ватан, ҳамватан.
Чаман мешавад дашт бо як нигаҳ,
Нигар ҳар куҷои Ватан, ҳамватан.
Замину замон ҳаст дар дасти ту,
Бубин моварои Ватан, ҳамватан.
Барои тааллуқ тамаллуқ нагӯ,
“Бале”-ят балои Ватан, ҳамватан.
Макун лой об аз барои ҳаром,
Ҳалол обу лои Ватан, ҳамватан.
Ту то метавонӣ, ба худ дарнамон,
Намон дар изои Ватан, ҳамватан.
Туро сахт гуфтам, наё суст, бош!
Зи ман, аз ту “мо”-и Ватан, ҳамватан.
#Шодӣ_Шарифниё
21.06.2019